қоқ

қоқ
[قاق]
т
1. хушк, хушкшуда: гӯшти қоқ, нони қоқ, чӯби қоқ; қоқ кардан хушк кардан, хушконидан
2. лоғар, хароб, камгӯшт; қоқина: дасту пои дарозу қоқ, одами қоқ; қоқ шудан а) хушк шудан, хушкидан; б) лоғару хароб шудан
3. лаҳҷ. зардолуи хушконидашуда, ғӯлунг; дашти қоқ саҳрои беобу алаф, биёбон; замини қоқ замини сахт; замини бефаршу кӯрпача; сурфаи қоқ дастархони бехӯрду хӯрок, суфраи холӣ; ҷӯи қоқ ҷӯи беоб; бо як омочи қоқ танҳо бо як омоч; бо як сари қоқ танҳо; бекасу кӯй ва бечизу чора; кисаи касе қоқ будан кисаи касе холӣ будан; пул надоштан; ҳалқи касе қоқ шудан аз ташнагӣ, асабоният ё ҳаяҷон гулӯи касе хушк шудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»